Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Ҳусайни Амирабдуллоҳиён дар Твиттер навишт : Имрӯз дар боздид аз маркази ҳомии кӯдакони парвонаӣ дидам, ки таҳримҳои ғайриинсонӣ чи ранҷҳои дарднокеро барои ин кӯдакон рақам задааст .
Ҳусайни Амирабдуллоҳиён-вазири умӯри хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон ба ҳамроҳи Носир Канъонӣ-сухангӯи Вазорати умӯри хориҷаи Эрон аз маркази беморони парвонаӣ боздид ва аз наздик дар ҷараёни мушкилот ва ниёзҳои онҳо ба вижа набуди бинти мавриди ниёзи онҳо қарор гирифт .
Вазири умӯри хориҷаи Эрон дар бораи боздидаш аз ин марказ навишт : Бадани наҳифу шиканандаи парвонаиҳои Эрон ниёзманди бинтҳоест, то соъоти оромиш ба онҳо ҳадя кунад, аммо ин марҳам солҳост ки ба далели таҳрими Амрико ва ҳамроҳии Аврупо аз онҳо дареғ шудааст .
Амирабдуллоҳиён пурсид : Оё вақти он нарасида ки муслеҳони ҷаҳон ва низ муддаиёни ҳуқуқи башар аз худ бипурсанд, чи иртиботе миёни шиорҳои ҳуқуқи башарӣ ва таҳрими содироти бинти беморони парвонаӣ ва ё доруи беморони хос ба Эрон вуҷуд дорад ? таърих аз мо хоҳад пурсид ки дар кадоми самт истодаем , оё посухи холӣ аз шарм дорем ?